Аз рублу доллар то евро: қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рубли русӣ, ки ҳафтаи қаблиро бо ҷаҳиш оғоз кардаву кулли он боло мерафт, ҳамакнун дар баробари доллару евро каме коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди БМТ, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 177 сомонӣ арзиш дорад.
Қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар бар ивази 1000 рубл 177,3 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, дар пайи ноустувории ахираш, каме боло рафт.
Агар дар охири ҳафтаи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.58 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.56 муқаррар шудааст.
Евро бошад, дар ҳафтаи қабл башиддат поин мерафт, аммо ҳамакнун майли гаронӣ дорад. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.16 сомонӣ медиҳанд, ки нишондод ҷумъаи қаблӣ ба 11.09 сомонӣ баробар буд.
Лузянин: это будет началом демонтажа долларовой системы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Пули нави СҲШ: доллар чӣ мешавад? - видео
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177 сомонӣ мехараду ба ивази 182 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0