Ду шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба пахши моҳвораӣ мегузаранд

© Flickr / flash.proТелевизор, архивное фото
Телевизор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пайваст шудани ду шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба пахши моҳвораӣ ширкати "Алмайсан"-и Иморати Муттаҳидаи Арабӣ кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду шабакаи телевизионӣ ба пахши моҳворавӣ мегузаранд. Дар ин бора, раиси Кумитаи телевизион ва радио Саид Нуриддин зимни мулоқот бо намояндаи як ширкати арабӣ ба мувофиқа расид.
Бар хабари дафтари матбуотии кумитаи мазкур Саид Нуриддин бо мудири иҷроияи ширкати "Ал-Майсан" -и Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷон Намур дидору мулоқот намуда, зимни суҳбат масълаи гузаштани ду шабакаи телевизионӣ ҷумҳурӣ ба пахши моҳворавӣ баррасӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, телевизионҳои "Илм ва табиат" ва ҳамчунин "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ба пахши моҳворавӣ мегузарнд.
Ёдовар мешавем, масъалаи ташкили шабакаи "Илм ва табиат"- ро Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат моҳи марти соли 2020 дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.
Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.
Оборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ ба кор оғоз кард
Моҳи сентябри худи ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар кишвар шабакаи ҷадиди телевизиониро таъсис дод.
Бар асоси қарори Ҳукумат, барои шабакаи тозатаъсис “Илм ва табиат” 87 воҳиди корӣ ҷудо карда шуд.
Маблағгузории шабакаи ҷадид аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ амалӣ мешавад.
Ҳамчунин, моҳи апрели соли равон шабакаи дигар - "Сайёҳӣ ва мардумӣ" ба фаъолият оғоз кард. Ҳадафи асосӣ аз таъсиси ин телевизион огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, пахши барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа мебошад.
Лентаи хабарҳо
0