СҶБ: Обилаи ҳамдуна ба 50 кишвар роҳ ёфт

Омикрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, зиёда аз нисфи сироятҳо дар Аврупо сурат мегиранд ва шумораи беморон ҳамарӯза рӯ ба афзоиш меорад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт маълумот дар бораи 3413 мавриди сирояти обилаи ҳамдуна дар 50 кишвари ҷаҳонро тасдиқ кардааст.
Маълум аст, ки феълан ин беморӣ ба кишварҳое роҳ ёфтааст, ки қаблан ин вирус онҷо мушоҳида намешуд.
СҶБ ҳамчунин аз нахусмтин ҳолати фавт аз бемории обилаи ҳамдуна хабар дод. Қурбони ин вирус як шаҳрванди 40-солаи Нигерия гардид.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин дард дар як сайёҳ ошкор шуд, ки аз Нигерия ба Британия баргашта буд.
Бемории обилаи ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодир аст Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Научный центр Вектор создал тест-системы для выявления случаев заражения оспой обезьян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Хуруҷи бемории обилаи ҳамдуна дар 28 кишвари дунё
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аллакай мутахассисони худро барои мубориза бо маризии мазкур омода мекунад.
Омодагиҳо барои мубориза бо обчакони ҳамдуна дар Тоҷикистон
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти эпидемиолонии Вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан ба Sputnik тоҷикистон гуфта буд, вуруди маризии сироятӣ аз Афғонистон ба тоҷикистон хеле баъид аст, зеро марзҳои ду кишвар баста ҳастанд.
"Танҳо ҷое ки хавфи вурудаш ҳаст, Аврупо аст, ки аз ин зовия низ хатар ҷиддӣ нест, зеро дар Аврупо шахси маризро то афтидани калахши сиёҳ табобат мекунанд ва афроди ба тамос будаашро то 21 рӯз қарантина мекунанд. Ин хатари афзоиши маризиро коҳиш медиҳад”, - гуфт буд Наврӯз Ҷаъфаров.
Феълан дар Русия низ ягон мавриди гирифторӣ ба обилаи ҳамдуна ошкор наушдааст.
Лентаи хабарҳо
0