Тамдиди маҳдудияти парвоз ба марказу ҷануби Русия

© Sputnik / Максим БлиновСамолет авиакомпании Utair взлетает в аэропорту "Внуково".
Самолет авиакомпании Utair взлетает в аэропорту Внуково. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Маҳдудияти парвозҳо ба бархе аз фурудгоҳҳои қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия, ки баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина роҳандозӣ шуда буд, боз тамдид гардид
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Маҳдудияти парвозҳо ба фурудгоҳҳо дар марказу ҷануби Русия то 6 июл тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия".
"Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 6 июл амал мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли "Росавиатсия".
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Переговоры России и Украины в Гомельской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Вазири хориҷаи Беларус ҷузъиёти музокироти Русия ва Украинаро ошкор кард
"Росавиатсия" мегӯяд, дар маҷмуъ парвозҳо дар минтақаҳои дигар, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0