Тими артиши Тоҷикистон бо дастаи "Нефтчӣ" -и Қирғизистон зӯрозмоӣ мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Дастаи Клуби марказии варзишии артиш - КМВА Душанбе аз тими "Суғдиёна"-и Ӯзбекистон шикаст хӯрда, дар даври навбатӣ бо дастаи Қирғизистон вориди майдон мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. КМВА-и Душанбе дар пайи шикасташ аз тими "Суғдиёна" дар гуруҳи "Е" аз ҳаққи идомаи сабқат барои Ҷоми Конфедератсияи Осиё - 2022 маҳрум шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022, барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон, ки тақрибан тамоми қисми дуюми вохӯриро 10-нафарӣ бозӣ кард, бо ҳисоби 2:3 ба тими "Суғдиёна" бохт.
Манбаъ афзуд, дар ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед-Тимур Ҷӯраев голро вориди дарвозаи тими ӯзбекистонӣ намуданд. Шоҳрӯз Норхонов дар ҳайати "Суғдиёна" ба номаш дубл сабт карда, голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.
Тими ССКА Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Пирӯзии аввали "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО: тими туркманиро шикаст дод
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи 30-юми июн бо тими "Нефтчӣ" бозӣ мекунад, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар назар аст.

"Нефтчӣ" ахиран аз чемпиони Туркманистон "Олтин Асир" бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, ки ягона голро Мурат Аннаев ба номаш сабт кард.
Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозиҳо "Суғдиёна" шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. "Олтин Асир" 4 хол ва КМВА як хол доранд.

Тақдири ҷойи аввали гурӯҳ 30-юми июн паз аз рақобати дастаҳои "Суғдиёна" ва "Олтин Асир" муайян мегардад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, барои баромадан ба даври навбатӣ ба клуби Ӯзбекистон ҳисоби мусовӣ басанда аст, дар ҳоле ки "Олтин Асир"-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирӯзӣ зарур мебошад.
Лентаи хабарҳо
0