Амрико мехоҳад як қисми дороиҳои Афғонистонро барои кӯмак ба ин кишвар раҳо кунад

© Pixabay/Maklay62Чемодан с долларами
Чемодан с долларами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рӯзномаи “Washington Post” менависад, ки ИМА масъалаи раҳо кардани як қисми дороиҳои мунҷамидшудаи Афғонистонро барои кумак ба ин кишвар баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мақомоти ИМА бо толибон рӯйи механизме кор доранд, ки ба Ҳукумати Афғонистон имкон диҳанд, захираҳои бонки марказии Афғонистонро, ки дар Амрико мунҷимид шудаанд, барои ҷилавгирӣ аз гуруснагии бузург дар ин кишвар равон намоянд, иттилоъ додааст РИА “Новости” дар истинод ба "Washington Post".
Ин рӯзнома қайд кардааст, “фалокат” дар Афғонистон то андозае ба мунҷамид шудани миллиард доллари ин кишвар аз сӯйи мақомоти Амрико рабт дорад.
Моҳи феврал Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА фармонеро имзо кард, ки тибқи он, 7 миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Афғонистон, ки дар бонкҳои Амрико нигоҳ дошта мешуданд, мунҷамид шуданд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳаи байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд
Қарор буд, нисфи ин маблағ дар оянда барои бароварда сохтани ниёзхои башардӯстонаи мардуми афғон баъди карори дахлдори суд истифода мешуд.
Тибқи иттилои манбаъ, 3,5 миллиарди боқимонда дар ИМА, барои ҷуброни хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 истифода мешуд.
Иқтисоди Афғонистон ба далели мунҷамид шудани дороиҳои байналмилалии ин кишвар ва қатъи кумакҳои хориҷӣ пас аз ба қудрат расидани толибон бо бӯҳрони шадид рӯбарӯ шуд. Бисёре аз афғонҳо, аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ, кормандони Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони маориф ва тандурустӣ чандин моҳ аст, ки маош нагирифтаанд.
Садҳо нафар табибон ва кормандони давлатӣ дар Кобул ба муқобили таъхири музди меҳнат эътироз карданд.
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Вазири дифои Русия гуфт, вазъият дар Афғонистон вахимтар мешавад
Амирхон Муттаки, вазири умури хориҷии Афғонистон гуфт, ки таъхир дар пардохтҳо ба тақрибан ним миллион корманди давлатӣ таъсир кардааст.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, беруновардани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 солаи низомии худ дар Афғонистон хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0