Арзиши сӯзишвории дизелӣ дар Суғд гарон шуд

© Sputnik Цены на АЗС в Согде
Цены на АЗС в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Нархи солярка, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл якбора 70-80 дирам гаронтар шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар тоблуҳои тарғиботии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Суғд арзиши як литр солярка 13, 3 сомонӣ нишон дода мешавад. Як ҳафта қабл қимати ин навъ маводи сӯхт 12, 4 - 12, 5 сомонӣ буд.
Ба ин тартиб нархи фурӯши сӯзишвории дизелӣ якбора то 80 дирам дакка задааст. Бархе аз фурӯшандаҳои маводи сӯхт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби тағйирёбии нархро шарҳ доданд.
Яке аз масъулони ширкати фурӯши маводи сӯхт дар ноҳияи Спитамен зимни суҳбат гуфт, ки коҳишёбии ҳаҷми воридот ба ин ҳол сабаби гаронии нархи солярка шудааст. Ин ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки ин ҳол ба сустшавии суръати савдои онҳо низ таъсир гузоштааст.

"Вақте, ки ҳаҷми мол дар бозор кам ворид шавад табиист, ки нархи он тағйир меёбад. Сабаби болоравии нархи солярка ҳам дар ин миён истисно нест. Аммо дар ин ҳолат суръати савдо ҳам суст мешавад, чунки на ҳамаи мизоҷон ба харид майл мекунанд", - гуфт ҳамсуҳбати мо

Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии атрофи Хуҷанд низ мушкили камбуди фурӯши сӯзишвории дизелӣ дида мешавад. Ин чиз ҳам мушоҳида мешавад, ки ба ғайр аз дизел, дигар анвои маводи сӯхт: бензин ва гази моеъ бетағйир буда, бо нархи рӯзҳои қаблӣ (бензини АИ-92 - 10, 8 сомонӣ, бензини АИ-95 - 12, 2 сомонӣ, гази моеъ - 6 сомонӣ) фурӯхта мешаванд.
Автозаправка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Нархи гази моеъ дар Суғд тағйир ёфт: сӯзишворӣ чанд пул аст?
Ёдовар мешавем, ки афзоиши якбораи нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар ҷумҳурӣ аз нимаи моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуд, ки ба болоравии он қурби доллар сабаб шуд.
Рӯзҳои охир қурби 100 доллари амрикоӣ то 1055 сомонӣ поён рафтааст, аммо бо ин вуҷуд нархи молу маҳсулоти воридотӣ бетағйир боқӣ мондаанд.
Лентаи хабарҳо
0