Баргузории Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари Владимир Путин - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори сафари президенти Русия Владимир Путин ба кишвар дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Шоми дӯстӣ баргузор кард
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, меҳмоннавозии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз сӯйи кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои ҳукуматӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд
Дар ин сафари худ ӯ бо кишвардори Тоҷикистон дидору мулоқот кард ва дар ин мулоқот маҷмуи масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои Тоҷикистону Русияи ҳампаймонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баргузории Форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон дар Душанбе
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди муносибатҳои ду кишварро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ қайд намуданд.
Ҳамзамон аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи сиёсии мунтазаму эътимодбахш, ҳамчунин робитаҳо дар сатҳи олӣ ва баланд таъкид гардид.
Лентаи хабарҳо
0