Ҳавошиносон гуфтанд, гармои шадид дар Тоҷикистон то кай идома мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар дода буд, ки аз 27 то 30 июн ҳавои Тоҷикистон тафсон мешавад. Ҳоло ин ниҳод аз идомаи гармиҳо дар Тоҷикистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тоҷикистонро чанд рӯзи охир гармои шадид фаро гирифтааст. Ҳавосанҷон қаблан хабар доданд, ки дар Тоҷикистон то 30 июн дамои ҳаво тафсон мешавад. Аммо ҳоло ин ниҳод ба нашри иттилоъи нав аз идомаи гармиҳо дар кишвар ҳушдор доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавоишносӣ мегӯяд, гармиҳо дар Тоҷикистон то 3 июл идома меёбанд.
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Манбаъ меафзояд, дар чунин вазъи ҳаво хавфи обхезӣ ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар кӯҳҳо ва омдани сел вуҷуд дорад.

"Ҳамзамон ин ҳолат метавонад ба баландшавии сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад", - мегӯяд манбаъ.

Оҷонсӣ мегӯяд, дамои ҳаво то се июл дар Душанбе то 43 дараҷа ва дар ғарби ВМКБ то 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд.
Лентаи хабарҳо
0