Нашрияи амрикоӣ иддао дорад, ки нишасти G7 ноком шуд

© AFP/TOBIAS SCHWARZСаммит G7
Саммит G7 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нашрияи амрикоии "Politico" иддао дорад, ки нишасти G7 ноком шуд ва ҳадафҳое, ки дар пеш дошт, амалӣ нашуданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Нашрияи амрикоии Politico иддао дорад, ки нишасти G7 ноком ва аҳдофи он амалӣ нашуд.
Раҳбарони кишварҳои G7, ба навиштаи рӯзнома, натавонистаанд дар ягон масъала, аз ҷумла авзоъ дар Украина, таваррум, амнияти ғизоӣ, масоили энержӣ ва тағйири иқлим тасмими саривақтӣ бигиранд.
"Вақте ки онҳо музокироти худро ба анҷом мерасонданд, ба назар чунин менамуданд, ки раҳбарони пурқуввати ҷаҳон дар ҳама ҷабҳаҳо ноком шуданд. Натавонистанд амалиёти махсусро қатъ кунанд, болоравии нарзҳоро боздоранд ва ҳатто ба муҳосираи миллонҳо тонна ғаллаи Украина натавонистанд хотима диҳанд", - гуфта шудааст дар матн.
Нашрия бар ин назар аст, ки раҳбарони кишварҳои G7 дар ин нишаст талош карданд, тасмимҳое қабул кунанд, ки "бохту мухолифат" наздиканд.
Ёдовар мешавем, рӯзҳои 26-28 июн, нишасти серӯзаи G7 таҳти раёсати Олмон дар қалъаи Элмау баргузор шуд.
Президент РФ В. Путин провел заседание президиума Госсовета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Як каломи Путин Пентагонро ба даҳшат овард
Дар ин ҳамоиш панҷ давлат ба ҳайси меҳмон ширкат карданд: Африқои Ҷанубӣ, Сенегал, Индонезия, Ҳиндустон, Аргентина. Дар поёни нишасти G7 як баёнияи муштарак қабул шуд.
Раҳбарони кишварҳои G7 (Бритониё, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон) дар нишасти рӯзҳои 26-28 июн нияти худро барои коҳиш додани вобастагӣ аз нерӯи барқ ​​аз Русия таъйид карданд ва шартан ба тавофуқ расиданд, ки ба маҳдуд кардани нархи нерӯи барқи Русия шурӯъ кунанд.
Тибқи баёнияе, ки пас аз анҷоми нишаст нашр шуд, раҳбарони G7 "аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди таҳқиқи роҳҳои ҷилавгирӣ аз қимати нерӯи барқ, аз ҷумла имкони ҷорӣ кардани маҳдудияти муваққатӣ ба нархи воридот дар мавридҳои зарурӣ бо шарикони байналмилалӣ истиқбол мекунанд."
Лентаи хабарҳо
0