Посухи Маскаву Минск ба эълони ҷанги НАТО

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксУчения Rapid Trident-2021 на Украине
Учения Rapid Trident-2021 на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нигоҳ доштани бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ дар ҷаҳон ва Аврупои аз ҷанг харобшуда ҳаётан муҳим аст
Инчунин ин кишвар Осиёро ноустувор карда, бесарусомониро назорат мекунад. Ва иттифоқчиёни алоҳидаи аврупоии ИМА тайёранд, бори сеюм ба оташи ҷанги ҷаҳонӣ ҳезум партоянд.
Рӯзҳои 28-30 июн дар Мадрид мизбони нишасти 36-уми НАТО аст, ки дабири кулли ин созмон Йенс Столтенберг онро аллакай таърихӣ номид. Иттифоқчиён қасд доранд консепсияи нави стратегии паймонро барои давраи то соли 2030 қабул ва Русияро рақиби аслӣ эълон кунанд, нақшаи бузургтарин шеваи истиқрор дар Аврупои Шарқӣ дар 30 соли охирро баррасӣ кунанд, ки он аз 40 000 то 300 000 сарбоз афзоиш хоҳад ёфт.
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Туркия билохира розӣ шуд: Финландия ва Шветсия узви НАТО хоҳанд шуд
Паймон як нақшаи мукаммали дастгирии режими Киевро қабул хоҳад кард. Ҳадаф аз он ноил шудан ба стандартҳои ҳамоҳангсозии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар НАТО аст ва ба ин васила сиёсати дарҳои кушоди паймонро нисбат ба Украина тасдиқ мекунад.
Воқеан, Русия ва муттаҳиди наздиктаринаш Беларус ҷанг эълон мекунанд, ки дар он режими Киев бояд “то охирин украинӣ” ҷанг кунад. Ғайринизомисозӣ ва нозизуоӣ дар қаламрави Украина ва давлатдории Украина комилан ногузир шуда истодааст.
Дар нишасти Мадрид ҳамчунин дархостҳои Финландия ва Шветсия барои узвият дар НАТО, густариши ҳамкорӣ бо Австралия, Ҷопон, Зеландияи Нав ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ мешавад. Бо вуҷуди ин афзалияти муборизаи дарозмуддат бо Русия бар рӯйи тамоми бандҳои дигари рӯзномаро соя хоҳад афганд. Таҷовузи худбинонаву бепарвоёнаи паймон инсониятро ба Ҷанги сеюми ҷаҳон мебарад.
Дар пасманзари ин фармондеҳи артиши Бритониё Патрик Сандерс аллакай "пеш аз локомотив" давида ва гуфтааст, ки Русия пас аз як амалиёти вижаи низомӣ назар ба 24 феврал ба амнияти Аврупо таҳдиди ҷиддитар хоҳад шуд.
Қаблан ин раҳбари низомӣ аз нахуствазир Борис Ҷонсон хоста буд, то соли 2028 буҷаи дифои кишварро то ба 2,5 дарсади ММД афзоиш диҳад ва як марҳалаи муҳим барои артиши Бритониё - қобилияти "мағлуб кардани Русия дар ҷанг"-ро тавсиф кард.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Роҳи дигар надоранд: Эрдуғон талабот аз довталабони узвият дар НАТО-ро шарҳ дод
Воқеан, вақти он расидааст, ки пас аз пирӯзии толибон тамоми артиши 73 000-нафарии Бритониё дар бораи пирӯзӣ бар як қудрати тавонои ҳастаӣ бо артиши миллионнафара ҳатто орзу накунад.
Таноқузи бритониёӣ дар бораи худбаҳодиҳии баланд мушкилоти умумии кишварҳои НАТО-ро инъикос мекунад. Дар сиёсати хориҷӣ онҳо ҳанӯз ҳам ба озодии комил ва беҷазоӣ умед мебанданд, ки дар Ироқ, Югославия, Афғонистон, Либия ва Сурия таҷриба карданд.
Хуруҷи нерӯҳои хориҷии паймон ба ҳудуди соли 1997 як ногузирии таърихӣ боқӣ монда, дар қаламрави Украина ҳузури нерӯҳои вижаи ИМА ва низомиёни кишварҳои дигари НАТО ба як беандешагии геополитикӣ монанд аст.

Дурахшиши ҷаҳони нав

Маскав ва Минск дар вокуниш ба равиши таҷовузкорона ва амалҳои иғвоангези Ғарб, ташвиқи моҷароҷӯёнаи украинии НАТО ва бо силоҳ таъмин кардани режими Киев ҳамгироиро дар соҳаи дифоъ тавсеа медиҳанд.
Пас аз кӯшишҳои иғвоангези Вилнюс барои эълони муҳосираи вилояти Калинингради Русия эҳтимоли таъсиси як гурӯҳи пурқудрати нерӯҳои Беларус ва Русия дар наздикии марзҳои Литва афзоиш ёфт.
Дар мулоқоти навбатии рӯзи 26 июн президентҳои Федератсияи Русия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко масъалаи таҷдиди нирӯҳои НАТО дар наздикии марзҳои иттиҳод, амалҳои иғвогаронаи Лаҳистон ва Литваро баррасӣ карданд.
Пуск межконтинентальной баллистической ракеты стационарного базирования Сармат с космодрома Плесецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
"Сармат" бартарии фанноварии Русияро барои 50 сол таъмин мекунад
Мо гузинаҳои вокуниши сареъро баррасӣ кардем, ки аз ҳама муассиртаринашон модернизатсияи ҳавопаймоҳои зарбазани Беларус ба сатҳи интиқолдиҳандагони аслиҳаи тактикии ҳастаӣ ва ба қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус интиқол додани системаҳои мушакии Русия “Искандер-М” бо кулоҳакҳои ҷангӣ, аз ҷумла бо иқтидори ҳастаӣ то 50 килотоннаро шомил мешавад.
Қувваи мушакҳои “Искандар”, ки барои дифои ҳавоӣ дастнорас аст, ба нерӯҳои Беларус имкон медиҳад, нерӯҳои бартарии НАТО-ро ба таври асимметрӣ нобуд кунанд. Мо таъкид мекунем, ки Маскав ва Минск ният доранд, ки дар ояндаи наздик ҳавопаймоҳоро навсозӣ кунанд ва системаҳои мушакии мобилиро интиқол диҳанд.
Раҳбарони G7 дирӯз аз нияти Маскав барои интиқоли мушакҳои ҳастаӣ ба Минск изҳори нигаронӣ карданд, аммо Русия ва Беларус ҳеҷ як созишномаи байналмилалиро дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ нақз намекунанд. Аврупо бояд бо ин муросо кунад.
Дар ҳақиқат, дар дохили НАТО зиддиятхо зиёд шуда истодаанд. Рум, Париж, Мадрид, Анкара чолишҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои низомиро ба таври гуногун арзёбӣ мекунанд.
Дар арафаи маҷлиси машваратии НАТО муқобилони низомисозии Аврупа дар Мадрид намоиши бисёрҳазорнафарӣ барпо карданд, ки ин нишон дод, манфиатҳои ҳақиқии халқҳо, ҳукуматҳо аз як тараф, блоки таҷовузкоронаи ҳарбӣ бо роҳбарии бевоситаи он то чӣ андоза зиёд аст.
Бесабаб нест, ки нашрияи америкоии "Ҳилл" дар сиёсати Вашингтони ҳозира бо амалиёти Наполеон дар Франсия ва Гитлер дар Олмони нозӣ умумияти зиёде пайдо мекунад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0