Қурби рубл ба ҳадди баландтарин дар 7 соли охир расид

Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қурби доллар ва евро дар бозори асъори Маскав ба ҳадди бесобиқа дар давоми зиёда аз 7 соли охир поин рафта, пули миллии Русия устувор шуд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав аз ҳадди 51 рубл поин рафт, ки бори аввал аз моҳи майи соли 2015 то ҳол мебошад, иттилоъ дод РИА "Новости".
Арзиши евро низ дар бозори асъори Маскав аз 54 рубл камтар шудааст, ки ин низ нишондоди бесобиқа дар 7 соли охир мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.
Идомаи коҳиши арзиши арзиши асъори хориҷӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0