Сӯхтори даҳшатбор дар шоҳроҳи Каширское дар Маскав: видео

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксПожар на складе, архивное фото
Пожар на складе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сӯхтори хурде дар партов ба офати бузург табдил ёфт: сӯхтор бо суръати баланд ба анборҳои наздик паҳн шуда, майдони 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар шоҳроҳи Каширское дар Маскав сӯхтори шадид ба амал омад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар медиҳад.
Ҳодиса дар наздикии хонаи 17 рух додааст. Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки дар майдони кушод партов оташ гирифтааст, ки ҳамагӣ 500 метри мураббаъро ташкил додааст. Баъдтар оташ ба ангарҳои наздик паҳн шудааст.
Пасон майдони сӯхтор афзуда, ба 2 ҳазор метри мураббаъ расид.
Як чархболи Ка-32 ба ҷои ҳодиса парвоз кард ва як озмоишгоҳи сайёр низ барои муайян кардани миқдори зиёди моддаҳои зараровар дар ҳаво, ҳозир шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сӯхтор ба биноҳои истиқоматӣ таҳдид намекунад.
Мақомот сабаби сӯхторро оташзанӣ медонанд.
Бар асари сӯхтор дар ҷануби Маскав ҳаракати нақлиёт маҳдуд шудааст.
Сӯхтор дар маркази тиҷоратии Маскав: чанд нафар захмӣ шуд?
Инак, ду хатти гузаргоҳи Коломенское ба сӯи шоҳроҳи Каширское барои ронандагон дастнорас аст. Дар ҷойи ҳодиса хадамоти изтирории шаҳр кор мекунанд.
Раёсати нақлиёти пойтахт ҳушдор дод, ки ҳаракати нақлиёт дар минтақаи ҳодиса мушкил шудааст ва аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба ин самт худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0