Тактирандозҳои Русия "душман"-ро дар кӯҳҳои Тоҷикистон маҳв карданд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Видеоҳое аз макони тамринҳои тактикии низомиёни Русия дар кӯҳистони Тоҷикистон дар манобеи интернетӣ пайдо шуданд, ки ба маҳви душмани шартӣ машғуланд
Тактирандозҳо таҳти раҳбарии фармондеҳи ротаи тирандозии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Александров як душмани шартиро маҳв карданд.
Дар шароити душвори кӯҳсор хизматчиёни ҳарбии рус ҳадафҳои "душман"-ро аниқ аз байн бурданд.
Дар зери офтоби сӯзон дар шароити табиӣ супориш пурра иҷро гардид. Ниомиён тактикаи несту нобуд кардани душманро бо гузарондани тактирандозҳо кор карда баромаданд.
Партоби муваффақи мушаки балистикии қорапаймои “Сармат”
Наворҳои видеоӣ нишон медиҳанд, ки барои дақиқ зарба задан ба ҳадаф, низомиён бояд на танҳо суръати шамол, балки ҳарорати ҳаворо, ки аз +45 ° C зиёд буд, низ ба назар мегирифтанд, ки ин ба натиҷаи тирпарронӣ низ таъсир мерасонад.
Дар ин машқҳо тирандозон бо истифода аз воситаҳои муосири техникии мушоҳида ва ҳадафгирӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои сайёри разведкаи лазерии ЛПР-3 иктишофи ҳадафҳоро анҷом доданд.
Лентаи хабарҳо
0