Тоҷикистон бо як кишвари маъруфи мусалмонӣ парвозҳои мустақим роҳандозӣ мекунад

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе ҳамоиши густурда баргузор шуд, ки ҳадафи он рушд ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Парвозҳои мустақим, ки мумкин аст, дар оянда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ роҳандозӣ шаванд, гардишгарони бештарро ба ҳарду кишвар ҷалб мекунад.
Ин тадбирҳо ба таҳкими ҳамкории давлатҳо дар ин соҳа кумак мекунад.
Ин андешаро ширкаткунандагони ҳамоиш бахшида ба тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, иброз доштанд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат доштанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар бораи иқдомоте, ки Тоҷикистон барои беҳбуди соҳа андешида истодааст, сухан гуфт.
Масалан, дар кишвар барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ як қатор имтиёзҳо ҷорӣ карда шудаанд.
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Душанбе яке аз машҳуртарин маконҳо барои истироҳати москвагиҳо шуд
Ҳамин тариқ, ташкилотҳои нави сайёҳӣ дар давоми 5 соли аввали фаъолият аз даромад аз андоз озод карда шудаанд.
Ҷорӣ намудани низоми соддакардашудаи раводид бо 112 кишвар ва дигар тадбирҳо нақши муҳим бозид.
Илова бар ин, ширкаткунандагони ҳамоиш як қатор ташаббусҳои муфид изҳор намуданд, ки ба рушду таҳкими шарикии сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Русия дар як самти ояндадор ба Тоҷикистон кумак мекунад
Қаблан маълум шуд, ки Маскав қасд дорад аз Душанбе дар бахши гардишгарӣ пуштибонӣ кунад.
Дар мулоқот кормандони ширкатҳои русиву тоҷикӣ аз зарурати ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба ҳарду кишвар изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0