Туркия билохира розӣ шуд: Финландия ва Шветсия узви НАТО хоҳанд шуд

© KENZO TRIBOUILLARDФлаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Туркия гуфт, дар ҷаласаи НАТО, ки қарор аст, дар Мадриди Испания баргузор шавад, аз узвияти Финландия ва Шветсия ба ин паймон ҷонибдорӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дафтари раисҷумҳури Финландия хабар додааст, ки Туркия дархости Финляндия ва Шветсияро барои шомил шудан ба НАТО ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Ахиран раисиҷумҳури Финландия Саули Ниинисте дар Мадрид бо ҳамтои туркии худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва нахуствазири Шветсия Магдалена Андерссон бо кумаки дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг мулоқот кард.
Дафтари Нииниста гуфтааст, "дар натиҷаи ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои мо як ёддошти сеҷонибаро ба имзо расониданд. Тибқи ин санад Туркия дар нишасти Мадрид аз узвияти Финландия ва Шветсия ба НАТО ҳимоят мекунад".
Таъкид шудааст, ки ҳампаймоён дар НАТО дар бораи қадамҳои мушаххас барои вуруди ин ду кишвари нав дар давоми ду рӯзи оянда ба мувофиқа хоҳанд расид.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Роҳи дигар надоранд: Эрдуғон талабот аз довталабони узвият дар НАТО-ро шарҳ дод
Манбаъ қайд намуд, ки Финляндия ҳамчун узви ин паймон ният дорад ба санаду сиёсати НАТО дар бораи муборизаи зидди терроризмро риоя кунад, вале дар баробари ин Хелсинки дар асоси конунгузории миллӣ амал мекунад.
Дар навбати худ дастгоҳи Эрдуғон хабар додааст, ки Финландия ва Шветсия ваъда додаанд, ки аз Ҳизби Коргарии Курдистони дар Туркия мамнӯъ ва Созмони Фатҳуллоҳ Гюлен пуштибонӣ нахоҳанд кард ва ҳамчунин аз сиёсати маҳдудияти саноати дифоии Туркия даст мекашанд.
Анқара ҳамчунин таъкид кард, ки Ҳелсинки ва Стокҳолм ӯҳдадор шудаанд, ки ба қонунгузории миллӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва саноати дифоӣ тағйирот ворид кунанд.
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Рогозин: НАТО додаҳо аз моҳвораҳои хусусиро ба низомиёни украинӣ мерасонад
Ба гуфтаи дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг, созишномаи амниятӣ, ки аз ҷониби Финландия, Шветсия ва Туркия имзо шуд, монеъаҳои пайвастани ду кишвари нав ба ин паймонро аз байн хоҳад бурд.
Ба гуфтаи вай, ин зудтарин раванди пайвастан ба НАТО дар таърих хоҳад буд.
"Фардо раҳбарони кишварҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки Шветсия ва Финландияро барои пайвастан ба НАТО даъват кунанд. Сипас раванди тасвиби ин тасмим дар ҳар як пойтахт оғоз мешавад", - гуфт ӯ.
Шветсия ва Финландия дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина дар бораи пайвастан ба НАТО-ро эълон карданд ва рӯзи 18 май дархости худро ироа карданд. Анкара дар навбати худ ба раванди баррасии он монеъ шуд.
Лентаи хабарҳо
0