Аҳмадзода дар Ворух бо сокинони аз сел зарардида суҳбат карду ба масъулин супориш дод

© Sputnik Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Феълан сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо оби нӯшокиву полезӣ таъмин гардида, раиси вилоят супориш дод, ки ҳаҷми хисорот зудтар муайян шавад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҷамоати деҳоти Ворух дидан кард.
Дар ин бора котиботи раиси вилоят хабар дода, изҳор доштааст, ки рӯзи 26 июн дар ин минтақа сели харобиовар омад. Сел манзили сокинонро аз селобаву лойиқа пур карда, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигӣ хисорот овард
Гуфта мешавад, Аҳмадзода бо корҳои барқароркунӣ ва тоза кардани маҳалҳои аҳолинишон аз паёмадҳои офати табиӣ шинос гардид.
Оқибатҳои сели харобиовар дар Ворух - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Бар асари сел дар Ворух 40 ҳавлии сокинон хароб шудааст – шарҳи расмӣ
Барои кумак ба сокинони аз офати табиӣ зарардида, ҳашари умумӣ ташкил гардид, ки дар натиҷа ҳавзҳои обнигаҳдорӣ ва ҳамчунин саҳни ҳавлии сокинон тоза карда шуд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр, раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва дигар ниҳодҳои марбута барои мунтазам расонидани кумак ба сокинон супоришҳо дода, дастур дод, ки корҳои бартарафкунӣ дар кутоҳтарин фурсат ба анҷом расонида шавад.
Бо дастури роҳбари вилоят техникаҳои зарурӣ сафарбар шуда, ҷӯйборҳои асосӣ тоза гардида, дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ таъмин карда шуд.
Айни ҳол аз ҷониби ситоди махсус хисороти воридшуда омӯхта шуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0