Ансорӣ ба Толибон: Касе алайҳи Иморат истод шуд, сар бизанед

© AFP 2022 / WAKIL KOHSARТалибы стоят на улице
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хатиби масҷиде дар Ҳирот дар гирдиҳамоии уламои дин дар Кобул, гуфта аст, ки агар дар баробари ҳукумати ин гурӯҳ сар баланд кунанд, гарданашон зада шавад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Хабаргузории Бохтар марбут ба толибон гуфтаҳои мавлавӣ Муҷибулраҳмони Ансорӣ, ки дар нишасти уламо дар Кобул ширкат кардааст, расонаӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Тоҷикистон.
Ансорӣ дар ин нишаст изҳор доштааст ҳар касе, ки дар баробари ҳукумати ин гурӯҳ сар баланд кунад бояд гарданаш зада шавад.
"Агар касе дар муқобили ҳукумати кунунӣ сар баланд кунад бояд сараш зада шавад", - гуфтааст Ансорӣ.
Ин нишаст пушти дарвозаҳои баста ва бидуни пушиши мустақим расонаӣ дарҳол баргузарӣ аст.
Хабаргузории давлатии Бохтар, ки таҳти контроли толибон нашрот дорад, нукоти суханронии Мулоҳасани Охунд, нахусти вазири толибонро дар твиттер нашр кардааст .
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Дар Душанбе таҳкими ҳифзи сарҳаи байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд
Нахуствазири толибон таъкид кардааст, ки уламо ва сарони қабилаҳо бояд аз низоми толибон ҳимоят кунанд ва ин вазифа онон аст.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, беруновардани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 солаи низомии худ дар Афғонистон хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0