Афзоиши 20-дарсадии маошу стипендия дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон аз 1 июли соли равон маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва стипендия 20 дарсад афзоиш хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Аз санаи 1 июли соли равон, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон”.
Тибқи иттилои манбаъ, ин тасмим дар асоси фармони Президенти кишвар аз 13 январи соли ҷорӣ амалӣ мегардад.
Тибқи фармони мазкур маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Пешниҳоди 11 мансаби холӣ дар ҳукумати Хуҷанд: ҳаҷми маош ва шарти қабул
Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 366 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) низ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.
Аз 1 июл ҳамчунин андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ноболиғон, ки бинобар маҳрум шудан аз саробон ба онҳо дар асоси Қонуни Тоҷикистон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд мегардад.
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Ҳакимзода: аз таъмини кору маош то гирифтани се-чор ҳосил аз замин
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тибқи фармони Президенти кишвар, аз 1 январи соли 2022 маоши вазифавии (меъёрҳои тарифи) хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуда буд.
Ҳамзамон, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 830 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 745 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0