Баррасии равобити корӣ, шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат бо Ӯзбекистон

© Министерство труда, миграции и занятости населения Ширин Амонзода, министр труда РТ принимает узбекскую делегацию
Ширин Амонзода, министр труда РТ принимает узбекскую делегацию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳайати баландпояи вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон дар Душанбе бо мақомоти кишвар самти ҳамкорӣ дар бахши шуғл ва бозори меҳнатро баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳитдинов Эркин, муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва Расулов Садулло, мушовири пешбари Маъмурияти раисҷумҳури Ӯзбекистон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоиии Тоҷикитон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда дар доираи санадҳои соҳавии баимзорасида мубодилаи афкор намуда, аз раванди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
© Министерство труда, миграции и занятости населения Мухиддинов Эркин, первый заместитель министра занятости и трудовых отношений Узбекистана
Мухиддинов Эркин, первый заместитель министра занятости и трудовых отношений Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Мухиддинов Эркин, первый заместитель министра занятости и трудовых отношений Узбекистана
Қайд карда шудааст, ки ҷониби Ӯзбекистон барои вусъат баҳшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, инспексияи меҳнат, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳо дар самти меҳнат ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, гузаронидани тадқиқот дар самти муҳоҷират бо мақсади роҳандозии лоиҳаи минтақавӣ бо дастгирии шарикони рушд, изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо аз касбомўзии шаҳрвандон ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар моносентрҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон, ва баргузор намудани тренингҳои муштараки минтақавӣ низ изҳор омодагӣ намуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро дар масъалаҳои матраҳгардида ҷонибдорӣ намуда, қайд кардааст, ки сафари мазкур барои сохторҳои дахлдори тарафҳо барои мушаххас баррасӣ намудани пешниҳодҳои болозикр имконият фароҳам оварда, натиҷаи он дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштарак дар доираи ҳамин сафар ниҳоӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0