Ҷабборов гуфт, истиқлолияти Қирғизистон зери хатар аст, агар...

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Қирғизистон гуфт, давоми даҳ соли оянда ин кишвар бояд қарзҳое, ки тӯли си сол ҷамъ шудаанд, пардох кунад, вар-на истиқлолият онҳо зери хатар мемонад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Агар Қирғизистон қарзашро напардозад, истиқлолияти кишвар зери хатар хоҳад монд, гуфт Содир Ҷаборов роҳбари ин давлат дар ҷаласаи Жогорку Кенеш.
Президент ба вакилон хотиррасон кардааст, ки давлат мушкилии калон дорад.
"Ин бори гарон ба китфи ман уфтод. Бино ба маълумоти қаблӣ, мо бояд имсол аз рӯи қарзи беруна 23 миллиард ва соли оянда тақрибан 25 миллиард сом пардохт кунем. Дар давоми 10 соли оянда мо бояд қарзро пардохт кунем, қарзҳое, ки дар тӯли 30 сол ҷамъ шуданд", - таъкид намуд Ҷаборов.
Роҳбари Қирғизистон гуфт, дар сурати пардохт накардани қарзҳо истиқлолияти ин кишвар зери хатар қарор мегирад.
Дар идома ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки бо дастгирии вакилони халқӣ ин масъала ҳалли худро пайдо мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки то якуми октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба 3 миллиарду 262,1 миллион доллар расида буд.
Ба маълумоти Вазорати молияи кишвар, дар сохтори қарзи беруна 96,4 дарсад ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад. Ин қарзҳое мебошанд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Андоза накӯст: чаро Русия қарзҳои давлатии ИМА-ро фурӯхт?
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи Байналмилалии Асъор, Чин ва Бонки Исломии Рушд то 8,9 млн. доллар кам шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, таносуби қарзи хориҷии Тоҷикистон ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 38,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ҳадди ниҳоии иҷозашудаи қарзи беруна дар нисбати МДД барои кишварҳои сатҳи даромадашон паст, тибқи тавсияи ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, 40%-ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0