Коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст: на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқ амалҳои ҷиноиро камтар сабт мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар 5 моҳи соли 2022 ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба маълумоти оморӣ менависад.
Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то май дар кишвар беш аз 10 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 11% камтар аст.
Дар Душанбе коҳиши кирдорҳои ҷиноятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоизро ташкил дод.
Кам шудани ҷиноят на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар навоҳии ҷумҳурӣ низ қайд сабт шудааст.
Шумораи куштор ва сӯиқасди одамкушӣ 30% кам шудааст, таҷовуз 6,3%, дуздӣ 40%, ғоратгарӣ 19,4% кам шудааст.
Председатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Нигаронии Шоҳиён аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасон
Дар маҷмӯъ аз моҳи январ то моҳи май дар Тоҷикистон 2179 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст.
Ин рақамҳо нисбат ба 5 моҳи ҳамин давраи соли 2021 4,6% камтар аст.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба Юсуф Раҳмон, додситони кулл дастур дода буд, ки чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварро пурзӯр намояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ 579 узви созмонҳои террористиву экстремистӣ бо гумони содир намудани 761 ҷиноят боздошт шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0