Муборакшоев: "UFC ва миллион намехоҳам, дар Хоруғ тамрингоҳи бузурги ММА месозам"

© Sputnik Муборакшо Муборакшоев боец ММА
Муборакшо Муборакшоев боец ММА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Қаҳрамони ММА варзишкори шикастнадидаи тоҷик, Муборакшо Муборакшоев нақша дорад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамрингоҳи бузурги ММА кушояд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Муборакшо Муборакшоев, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст, вале аллакай дар корномаи варзишиаш 7 пирӯзӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта ва 1 пирӯзӣ дар риштаи муштзанӣ дорад.
Ахиран, паҳлавони шикастнадидаи тоҷик, ки ду соли охир дар Русия тамрин мекунад, дар сабқати бокси касбӣ дар Маскав, бо нокаути техникӣ бар варзишкори русиягӣ Николай Нестеров пирӯз шуд.
Ин нахустин рақобати размикор дар риштаи муштзанӣ буд.
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон варзишкори тоҷик Муборакшо Муборакшоев дар бораи рақобаташ дар риштаи бокс, рушди ММА дар Тоҷикистон ва нақшаҳояш суҳбат кард.

Аз ММА ба муштзанӣ як қадам

Яке аз далели рӯ овардан ба муштзаниро варзишкор ба лат хӯрдани пояш рабт дод.
Ӯ гуфт, пештар зимни тамрин пояш захмӣ шуд ва ҷарроҳиро аз сар гузаронд, ки барои идомаи фаъолият дар ММА имкон надод, чун наметавонист озод аз куштӣ, ки яке аз усулҳои хоси Муборакшо дар октагон аст, истифода кунад.
Ба ин далел ва ба сабаби пешниҳод шудани рақобат дар риштаи муштзании касбӣ, Муборакшо барои замоне аз муҳорибаҳои омехта рафту ба муштзанӣ пайваст.
Муборакшоев дар сабқати ахир ҳарифи худро тӯли се бахши рақобат аз пой афтонд. Дар ду бахши аввал Муборакшо бо муштҳои "оҳанин" бинии ҳарифашро шикаста ва дар бахши сеюм Нестеров дигар мадори идома додани рақобатро надошт.
Лоиқ Раҷабов: аз беадолатӣ дар ММА, то дастгирии падарандар ва қасдгирӣ дар Ватан - видео
Варзишкори русиягӣ аз идомаи сабқат даст кашид ва бо хулосаи ҳакамон пирӯзӣ ба қаҳрамони ММА Тоҷикистон Муборакшо Муборакшоев дода шуд.
Кафолати пирӯзиаш дар рақобати муштзаниро Муборакшо заҳмати сармураббӣ ва боварӣ ба худ медонад.
"Мо ҳангоми тамриини муҳорибаҳои омехта ба муштзанӣ низ диққати калон медиҳем, сармуррабии мо Наврӯзбек Наврӯзбеков, ки худ муштзан аст, моро дар ин ришта низ обу тоб медиҳад. Барои ҳамин мушкил набуд, мағлуб кардани ҳариф", - гуфт Муборакшо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вале, дар баробари доштани қобилияту омодагии хуб, Муборакшо мегӯяд муҳимтар аз ҳама боварӣ ба худ аст.

"Агар инсон ба худ боварӣ дошта бошад, Худо ҳеҷ вақт ӯро ноумед намекунад", - бовар дорад Муборакшо.

Беш аз 5 сол мешавад, ки ММА дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Вале, аллакай дар кишвар теъдоди размикорони ММА ва мухлисони он хеле зиёд аст. Имрӯзҳо номи беш аз 30 размикори ММА-и тоҷик дар рейтинги ҷаҳонии MMA сабт шудааст.

Тоҷикон куштигиранд

Дар кишвар клубҳои "Ахмат", "Tajmmaf" ва ғайраҳо бо мувафақият фаъолият мекунанд.
Муборакшо бовар дорад, ки муҳорибаҳои омехта намуди варзишест, ки бояд тоҷикони кӯҳистонӣ ба он машғул шаванд.
"Замоне, ки дар Тоҷикистон муҳорибаҳои омехта роҳандозӣ шуд, дигар кишварҳо аллакай даҳсолаҳо пеш, ин навъи варзишро таҷриба мекарданд. Барои расидан ба сатҳи онҳо каме мушкил буд. Вале, ман фикр мекунам, ки ҳамаи мардуми тоҷик, махсусан мардуми кӯҳистон барои ҳамин намуди варзиш қобилияти хуб доранд", - гуфт Муборакшо.
Барои бештар рушд додани ин навъи варзиш дар Тоҷкистон, Муборакшо мегӯяд бояд шароити хуб муҳайё кард. Ӯ бовар дорад, ки ҳар як ҷавони тоҷик метавонад махсусан дар ҳамин риштаи варзиш ба қуллаҳои баландтарин бирасад.

"Мардуми тоҷик ва махсусан мардуми Кӯҳистони Бадахшон бояд ба ин намуди варзиш машғул шаванд. Онҳо қобилият доранд ва ҳавои тозаи кӯҳистон барои обу тоби бадан бисёр муфид аст", - гуфт Муборакшо.

Ӯ мегӯяд, барои ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ММА дар Тоҷикистон бояд кӯдаконро аз хурдӣ омода кард. Варзишкори тоҷик барои омода шудани бадани кӯдакон ба ММА як намуди варзишро тавсия медиҳад.
"Аз хурдӣ бояд кӯдакон бештар ба куштии тарзи озод машғул шаванд то замони пайвастан ба ММА бадани онҳо омода бошад", - гуфт Муборакшо.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо варзишкори тоҷик размикори №1-и ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мисол овард, ки ҳамеша дар октагон аз усулҳои куштӣ истифода мекард ва пирӯз мешуд.

UFC ва миллион намехоҳам

Муборакшо орзуи қаҳрамони UFC шуданро надорад, ӯ талош дорад бо ширкат дар муҳорибаҳо маблағи бештар ба даст орад ва онро барои рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон ҳазина кунад.
Размикор нақша дорад, дар оянда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як тамрингоҳи бузург бисозад, то кӯдакону ҷавонон тавонанд дар он тамрин бикунанд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Суҳбати қаҳрамон аз Тоҷикистон. Сирри муваффақият ва талхии шикаст - видео
"Ягона орзуи ман ин аст, ки ватани худро муаррифӣ кунам ва баъд дар шаҳри Хоруғ як тамрингоҳи бузурги ММА бисозем, то беҳтарин мураббиҳоро ҷалб кунем, то ҷавонони мо ба варзиш рӯ оранд ва ба корҳои номатлуб даст назананд. Ба ман миллион ва UFC даркор нест, пул одамро хушбахт намекунад", - гуфт Муборакшо.

Муборакшо Муборакшоев кист?

Муборакшо Муборакшоев соли 1989 дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти варзиаширо соли 2011 оғоз кардааст. Қаҳрамони ММА Тоҷикистон ва намояндаи клуби "Ахмат" мебошад.
То кунун 7 пирӯзӣ дар муҳорибаи омехта ва 1 пирӯзӣ дар риштаи муштзании касбӣ дорад. Боре ҳам дар муҳорибаҳои касбӣ мағлуб нашудааст.
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
Лентаи хабарҳо
0