Путин ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи Русия дар Украинаро ошкор кард

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите
Президент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз нишасти сарони кишварҳои ҳавзаи Хазар дар Ишқобод раҳбари Русия бо рӯзноманигорон суҳбат кард ва гуфт, ки амалиёти вижа дар Украина чӣ гуна идома дорад
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Нерӯҳои Русия дар Украина пеш рафта, ба хатти муқарраршуда расида истодаанд. Дар ин бора Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ таъкид кард, ки дар бораи муҳлати анҷоми амалиёти вижа ва тасҳеҳи ин мӯҳлатҳо ҳарф задан ҷоиз нест. Ба гуфтаи Путин, ҳадафҳои Маскав, ки рӯзи 24 феврал эълон шуда буданд, тағйир наёфтаанд.
"Ман чизе барои илова кардан надорам",- таъкид кард раҳбари Русия.
Дар баробари ин қайд кард, ки усули расидан ба мақсад метавонад гуногун бошад.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия оғози амалиёти вижа, ки то наздикиҳои Киев расид, як амали парешонкунанда буд, зеро Украина сар аз соли 2014 дар да Донбас барои ҳамала омодаги мегирифт ва нерӯҳои зиёдеро низ дар ин ҷой мустақар карда буд.
Ӯ ёдовар шуд, ки ҳарчанд Сарфармондеҳи олӣ аст, аммо Академияи Ситоди генералиро хатм накардааст. Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Русия ба мутахассисоне, ки аз рӯи хости худ амал мекунанд, изҳори боварӣ кард.
"Ман ҳадафи ниҳоиро баён кардам - ​​ин озодкунии Донбасс, ҳифзи ин мардум ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медод. Фақат ҳамин. Кор оромона, бо низом пеш меравад. Тавре шумо мебинед, нерӯҳо ҳаракат мекунанд ва ба он хатҳое расида истодаанд, ки дар марҳилаи муайяни ин кори ҷангӣ вазифа гузошта шудаанд. Ҳама чиз мувофиқи нақша пеш меравад”, - гуфт Путин.
Вай афзуд, "дар бораи мӯҳлат ҳарф задан лозим нест ва ман ҳеҷ гоҳ дар ин бора ҳарф намезанам, зеро ин ҳаёт аст ва чизи воқеист. Давидан пушти баъзе мӯҳлатҳо нодуруст аст."
Флаги США и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
“Rebelion”: Вашингтон бояд ба ҳушдорҳои Путин гӯш бидиҳад
Ин масъала ба шиддати амалиёти ҷангӣ марбут аст, ки ба талафоти эҳтимолӣ вобаста аст. "Мо бояд пеш аз ҳама дар бораи ҳифзи ҷони бачаҳои худ фикр кунем", - хулоса кард раҳбари Русия.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0