Путин сиёсатмадори дӯстдоштаи яке аз кишварҳои аврупоӣ шуд

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар яке аз кишварҳои Аврупо президенти Русия Владимир Путинро сиёсатмадори дӯстдоштаи худ номиданд. Ҷинпин ва Макрон дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар Сербистон ба як раҳбари маҳбуби ҷаҳон табдил ёфт.
Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба таҳқиқоти хадамоти афкори ҷамъиятии Белград Demostat менависад.
Ҳамин тариқ, Путин дар рейтинги сиёсатмадорони ҷаҳон, ки аз ҷониби сербҳо пуштибонӣ мешаванд, дар ҷои аввал қарор гирифт.
"Раҳбари Русия ҷои аввалро гирифт: 40% пурсидашудагон ба сиёсати ӯ баҳои баланд доданд", - таъкид мекунад Bloomberg.
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо фарқи назаррас дар ҷои дуввум аст. Сиёсати ӯро 12 дарсади сербҳо дастгирӣ мекунанд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷои севум дар ин рӯйхат қарор гирифтааст. Сиёсати ӯро 11 дарсади пурсидашудагон дастгирӣ кардаанд.
Рейтинги Байден якбора паст шуд, вале ҳоло ба ҳадди Трамп нарасидааст
Илова бар ин, Demostat аз шаҳрвандони Сербистон пурсид, ки оё онҳо пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро (ИА) тасдиқ мекунанд ё на.
Маълум шуд, ки аксари пурсидашудагон аз ин тадбирҳо ҷонибдорӣ намекунанд, зеро сиёсати Путин ба онҳо наздик аст.
Назарсанҷӣ: 75 дарсади русҳо ба Путин эътимод доранд
Узвияти Сербистон дар Иттиҳодияи Аврупоро 51% шаҳрвандон тасдиқ намекунанд ва танҳо 34% ба тарафдории вуруди ин кишвар ба ин созмон овоз медиҳанд.
Пештар Александр Вучич-раҳбари Сербистон гуфта буд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаи интиқоли силоҳ ба Украина бо Русия дар остонаи ҷанг аст.
Вай ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупоро ба он айбдор кард, ки мавқеъи Сербистон дар мавриди эълони таҳримҳо алайҳи Маскавро ба назар намегиранд.
Лентаи хабарҳо
0