Тоҷикистон ва Қирғизистон дар остонаи бозии “Хуҷанд” – “Дордой”: аз куҷо бояд тамошо кард

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек баргузор шуда, дар он дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Мухлисони футбол аз Тоҷикистону Қирғизистон бозии "Хуҷанд" - "Дордой"-ро бесаброна интизоранд.
Бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар варзишгоҳи асосии Бишкек баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе (20:00 ба вақти Бишкек) оғоз мешавад.
Пахши мустақими ин вохӯриро тавассути шабакаи телевизионии "Варзиш"-и Тоҷикистон дидан мумкин аст. Илова бар ин, бозӣ дар шабакаҳои расмии иҷтимоӣ намоиш дода мешавад.
Государственный флаг Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Дар Тоҷикистон ташкилоти нави ҷамъиятӣ пайдо шуд
Мухлисони тоҷик ин рӯёрӯиро дар маҷмааи "Қасри ҷавонон" воқеъ дар маркази Хуҷанд тавассути экрани калон мустақим тамошо хоҳанд кард. Даромад барои ҳамаи тамошобинон ройгон аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ноибқаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи футболи Хуҷанд дар бозии ифтитоҳии худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чаҳоргонаи "F" бар тими "Копетдаг"-и Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.
Бо имтиёзи қаблӣ барои баромадан ба даври баъдӣ "Хуҷанд"-ро кофист, ки бозиро мусовӣ ё бохт бо ҳисоби минималӣ кунад.
Сармураббии бошгоҳи "Хуҷанд" Рустам Хоҷаев дар нишасти қабл аз бозӣ гуфт, ки ҳарифонро хуб омӯхтаанд ва маҳораташонро медонанд.
"Ҳарчанд бозиро дар майдони мизбонон мегузаронем, аммо барои рақобат пурра омодаем. Талош мекунем як бозии тамошобоб бо натиҷаи хуб дошта бошем", - афзуд ӯ.
Сарвони дастаи "Хуҷанд" Ҷаҳонгир Эргашев низ гуфт, дар наздашон вазифаи мушаххас истодааст ва онро бояд иҷро кунанд.
Лентаи хабарҳо
0