Зокирзода: Беш аз 56 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда

© Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони ТоҷикистонРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар маҷмӯъ то ба имрӯз беш аз 56 қонун қабул карда шуда, 39 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои парлумон, инчунин 27 лоиҳаи қонуни дигар дар муҳокима қарор доранд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, зимни баргузории ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум иброз намуд.
Вай гуфт, аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон 1 лоиҳа, Ҳукумати мамлакат 43 лоиҳа, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 3 ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 7 лоиҳаро ташкил медиҳад.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад, раиси парлумон иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо масъалаҳои барои ҳаёти ҷомеа муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2022
Ҳимояти парлумон аз фармони президент барои тағйироти кадрӣ
Вай таъкид кард, ки дар давраи зикршуда 35 ҷаласаи Шӯро ва 28 иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо беш аз 665 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Дар ин робита, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул шуданд”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки ба иҷлосияҳои сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0