Эътимоди мардуми Русия ба Владимир Путин афзудааст

 Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Моҳи март ба президенти Русия 75%-и аҳолӣ эътимод дошт, акнун ин нишондиҳанда то 81 дарсад афзудааст. Кори кишвардорро 78%-и ҷомеа мусбат арзёбӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бештар аз нисфи сокинони Русия (78%) ба кори президент Владимир Путин баҳои мусбат додаанд, тақрибан 81% ба ӯ эътимод доранд.
Чунин натиҷа аз як назарсанҷии Хазинаи афкори ҷамъиятӣ (ФOM) бармеояд.
Ба саволе, ки президент аз иҷрои вазифаи худ хуб мебарояд, 78% пурсидашудагон посухи мусбат додаанд, 13,4 % фикр мекунанд, ки аз уҳдаи кор намебарояд.
Илова бар ин 81%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки ба президент эътимод доранд, 15% ба ӯ бовар надоранд.
Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шуд
Пурсиш байни русҳо, ки синнашон аз 18 боло аст, рӯзҳои 20-26 июни соли 2022 бо усули мусоҳибаи телефонӣ гузаронида шудааст.
Дар он 1600 нафар аз пурсидашудагон, ки дар 104 минтақаи аҳолинишин, шаҳру деҳоти 53 субъекти Русия зиндагӣ мекунанд, ширкат намудаанд.
Хатои оморӣ аз 3,6 фоиз зиёд нест.
Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Сербистон Путинро сиёсатмадори дӯстдоштаи худ инихоб кардаанд.
Ҳамин тариқ, Путин дар рейтинги сиёсатмадорони ҷаҳон, ки аз ҷониби сербҳо пуштибонӣ мешаванд, дар ҷои аввал қарор гирифт.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Путин сиёсатмадори дӯстдоштаи яке аз кишварҳои аврупоӣ шуд
40% пурсидашудагон ба сиёсати ӯ баҳои баланд доданд.
Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо фарқи назаррас дар ҷои дуввум аст. Сиёсати ӯро 12 дарсади сербҳо дастгирӣ мекунанд.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар ҷои севум дар ин рӯйхат қарор гирифтааст. Сиёсати ӯро 11 дарсади пурсидашудагон дастгирӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0