Фоҷиа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: бибӣ бо се наберааш зимни ҳезумчинӣ дар об ғарқ шуд

Река Вахш. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ду набераи пиразан бо талоши зиёд аз дохили об берун баромадаанд, вале бибию набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуда, то ҳол бедараканд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷасади як пиразани 59-сола ва набераи 11-солаашро ҷустуҷӯ доранд.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, ин фоҷиа рӯзи 29-уми июн рух додааст.
Бино ба гузориши манбаъ, сокини 59-солаи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо набераи 11-солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуданд.
Ҳодиса замоне рух додааст, ки онҳо баъди ҷамъоварии ҳезум аз соҳили дарё ба хона бармегаштанд.
Гуфта мешавад, ки пиразан ҳамроҳ бо се наберааш, ки 9, 12 ва 11 сол доштанд, тибқи одати маъмул дар соҳилҳои Вахш ҳезум ҷамъоварӣ мекарданд.
Онҳо бо аробае, ки ба як хар баста шуда буд, маҳсули заҳматҳои рӯзонаашонро бор карда, ба хона бармегаштанд, аммо баногаҳ ароба чаппа шуд ва ба дарё сарозер рафт.
"Ду набераи пирзан бо азобеву талошҳо худро аз об берун мекашанд ва солим ба соҳил мебароянд. Аммо зан бо як набераи 11-солааш ба ҳалокат мерасанд", - омадааст дар хабарнома.
Наҷотдиҳандагон то ҳол ҷасади бибию набераро ҷустуҷӯ доранд.
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Ҳамчунин, бино ба хабари дигари КҲФ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ, дар заҳбури Оби сиёҳи деҳа, як духтарин 15-сола, ғарқ шудааст.
КҲФ мегӯяд, сабаби ин ҳодиса маълум нест.
Дарёфти ҷасади ҷавондухтаре дар Левакант, ки шаш рӯз пеш худро ба об партофта буд
Ҷасади духтарак аз ҷониби ғаввосони КҲФ дар вилояти Хатлон пайдо ва ба волидонаш супурда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0