"Хуҷанд" ба финали минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 баромад

© ФФТБозии "Хуҷанд" ва "Дордой"
Бозии Хуҷанд ва Дордой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 бошгоҳи "Хуҷанд" бо тими "Суғдиёна"-и Ӯзбекистон, ки дар гурӯҳи"Е" пирӯз шуд, бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Ноибқаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ғолиби гурӯҳи "F"-и Ҷоми КФО-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт
Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи "F" "Хуҷанд" натиҷаро бо қаҳрамони Қирғизистон, тими "Дордой" мусовӣ (0:0) кард.
Ин бозӣ шоми 30 июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек доир гардид.
Ҳамин тариқ дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 "Хуҷанд" бо дорандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон, "Суғдиёна", ки дар чоргонаи "Е" мақоми аввалро касб кард, бозӣ мекунад.
Макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14 июл барпо мегардад, муайян карда мешавад.
Мухаммад Султонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Султонов гуфт, чаро дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ намекунад
Ёдовар мешавем, ки қаблан ноибқаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи футболи Хуҷанд дар бозии ифтитоҳии худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чаҳоргонаи "F" бар тими "Копетдаг"-и Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.
Бо имтиёзи қаблӣ барои баромадан ба даври баъдӣ "Хуҷанд"-ро кофӣ буд, ки бозиро мусовӣ ё бохт бо ҳисоби минималӣ кунад.
Ёдовар мешаве дастаи дигар Тоҷикистон ССКА бошад баромади худро дар Ҷоми КФО анҷом дод.
Ин даста дар охирин рақобаташро дар Душанбе зидди тими "Нефтчӣ" бо мусовӣ анҷом дод, аммо бинобар сабаби натоиҷи бад дар бозиҳои гузаштааш, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Лентаи хабарҳо
0