Киссинҷер 3 анҷоми эҳтимолии буҳрони Украинаро гуфт

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксБывший госсекретарь США Генри Киссинджер
Бывший госсекретарь США Генри Киссинджер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нахустин роҳе, ки буҳрони Украина бо он метавонад анҷом ёбад, назорати Русия бар қисми зиёди қаламрави Донбасс ва соҳили баҳри Сиёҳ гуфта шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Буҳрони Украина метавонад, бо 3 роҳ анҷом ёбад, изҳор дошт Ҳенри Киссинҷер, собиқ котиби давлатии ИМА дар суҳбат бо маҷаллаи "Spectator".
Ба гуфтаи ӯ, гузинаи аввал ин назорати Русия бар Донбасс, ки пирӯзии Маскав хоҳад буд.
"Роҳи аввал назорати Русия ба қисми бештари Донбасс бо ноҳияҳои асосии саноатӣ ва кишоварзӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ мебошад, ки "пирӯзии Маскав" хоҳад буд", - иқтибос овардаст РИА "Новости" аз суҳбати Киссинҷер.
"Дар ин сурат нақши Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО ҳалкунанда нахоҳад буд, тавре қаблан буд", - изҳор доштаст ӯ.
Роҳи дигар ба гуфтаи сиёсатмадори амрикоӣ талоши танг овардани Русия дар Қрим мебошад, ки бо шиддати даргирӣ меанҷомад.
Шеваи сеюмро таҳлилгар бозгашт ба ҳолати 24 феврал, то оғози амалиёти низомии Русия дар Украина хонд.
"Баъди ин масоили ҳалношударо метавон дар музокирот баррасӣ кард. Вазъият эҳтимол то як муддат мавқуф гузошта шавад", - афзуд ӯ.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд доранд
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисҷумҳур, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Лентаи хабарҳо
0