Роҳбари толибҳо: Кумаки байналмилалӣ моро заифтар мекунад

© AFP 2022 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари толибҳо, ки дафтари корияш дар Қандаҳор мебошад, ба ҷаласаи уламо дар Кобул омада, назарашро дар бораи бунёди ояндаи Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Кумаки байналмилалӣ иқтисоди Афғонистонро нахоҳад сохт, баръакс онро бештар вобастаю осебпазир хоҳад кард.
Ин нуктаро Ҳибатулло Охундзода, роҳбари толибҳо зимни ҷаласаи уламо дар Кобул баён дошт, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, Охундзода аз намояндагони бахши хусусӣ даъват кард, ки ба кишвар баргарданду барои рушди иқтисод сармоягузорӣ намоянд. Вай амнияти моли сармоягузоронро кафолат дод.
"Кумаки байналмилалӣ иқтисоди Афғонистонро нахоҳад сохт, баръакс вобастатараш хоҳад кард. Бахши хусусиро даъват дорем, ки баргарданд ба кишвари худу корхонаҳо кушоянд. Ба онҳо чизе таҳдид намекунад", - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки иқтисоди Афғонистон ба далели мунҷамид шудани дороиҳои байналмилалии ин кишвар ва қатъи кумакҳои хориҷӣ пас аз ба қудрат расидани толибҳо бо бӯҳрони шадид рӯбарӯ шуд.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин: Русия бо тамоми гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон дар тамос аст
Бисёре аз афғонҳо, аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ, кормандони Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони маориф ва тандурустӣ чандин моҳ аст, ки маош нагирифтаанд, шумори зиёди одамон ба фақру гуруснагӣ дучор омадаанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли гузашта ғасб карда, наздик ба як сол аст, ки зимоми қудрат дар ин кишварро ба даст доранд.
Лентаи хабарҳо
0