Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Русия ҳамаи маҳдудиятҳои каронаиро лағв кард

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксОтдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сар аз 1 июли соли 2022 "Роспотребнадзор" тамоми маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо, ки ба далели ҳамагирии коронавирус дар кишвар 2 сол боз амал мекард, лағв кард
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Русия аз аввали моҳи июл тамоми маҳдудиятҳое, ки ба далели паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буданд, қатъ шуданд, хабар медиҳад Роспотребнадзор.
Бекор шудани маҳдудиятҳо ба режими риояи ниқобпӯшӣ, шабнишиниҳо ва як қатор чораҳои дигар дахл дорад.
Аммо дар ҳамин ҳол, ин ниҳод таъкид кардааст, ки онҳо минбаъд низ вазъро таҳти назорати қатъӣ қарор медиҳанд.
Агар вазъи COVID-19 бадтар шавад, чораҳои маҳдудкунанда метавонанд баргардонида шаванд.
"Бинобар коҳиш ёфтани шиддати раванди эпидемиологӣ, Роспотребнадзор маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшударо бозмедорад", - омадааст дар хабар.
Дар давоми чор моҳи охир, шиддатнокии раванди эпидемияи COVID-19 дар саросари кишвар мунтазам коҳиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, сатҳи гирифторшавӣ ба як ҳафта нисбат ба ҳадди аксар, ки дар нимаи моҳи феврал сабт шуда буд, беш аз 64 маротиба коҳиш ёфтааст. Ҳоло афзоиш дар сатҳи пасттарин қарор дорад.
Баробари лағви маҳдудиятҳо, Роспотребнадзор гуфт, ки дар шаҳрҳо барои сари вақт ошкор кардани ҳодисаҳо ва чораҳои назорати раванди эпидемия чораҳои зидди эпидемия идома доранд.
Мақомот: Стелс-омикрон дар Тоҷикистон нест
Тибқи иттилои ситоди оперативӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус, дар як шабонарӯз дар Русия беш аз 3,1 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 56 нафар фавтидаанд.
Тақрибан ҳамаи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус (93%) дар шакли бемории роҳи нафас ба таври сабук ё бенишона мебошанд.
Чунин раванд "бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст", гуфт вазорат.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози ҳамагирӣ дар Русия панҷ мавҷи коронавирус гузаштааст. Охирин пас аз даҳаи аввали моҳи январи соли 2022 оғоз ёфт.
Лентаи хабарҳо
0