Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти машваратӣ баргузор мекунанд

© Пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевЛидеры стран Центральной Азии. Архивное фото
Лидеры стран Центральной Азии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарони Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тасмим доранд, дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ санаде ба имзо расонанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст, ки мулоқоти машваратӣ баргузор кунанд. Дар ин бора зимни як гуфтугӯи телефонии раисҷумҳурони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷабборов маълум шуд.
Дар суҳбат сарони давлатҳо ба масъалаи дар ояндаи наздик баргузории ҷаласаи машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ дахл карданд.
Тафсилот дар бораи санаи музокирот ва макони баргузории онҳо ҳанӯз дастрас нест.
Аммо қаблан зимни гуфтугӯи телефонии Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ки ҳамзамон мулоқоти машваратии дарпешистодаро баррасӣ карда буданд, эълом шуда буд, ки ин чорабинӣ тобистони имсол баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, мизбони қаблии ин нишаст, ки моҳи августи соли 2021 доир шуд, Туркманистон буд. Истисно нест, ки чорабинии дарпешистода низ дар ҳамон моҳ сурат бигирад.
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ҷабборов: президентҳо аз чӣ гуфтанд
Он замон, руасои ҷумҳуриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак омодагии худро барои мусоидат ба ҳарчи зудтар ба сулҳи саросарӣ дар Афғонистон изҳор карданд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ дастур доданд, ки корҳоро оид ба мувофиқа кардани лоиҳаи Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024 ба анҷом расонанд.
Илова бар ин, дастур дода шуд, ки барои ба имзо расидани ҷаласаи навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Шартномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди минтақа омода шавад.
Лентаи хабарҳо
0