Шарҳи Фонди Горбачёв дар бораи вазъи саломатии ӯ

© Sputnik / Игорь МихалевПресс-конференция кандидата в президенты РФ Михаила Горбачева по итогам поездки по городам Сибири.
Пресс-конференция кандидата в президенты РФ Михаила Горбачева по итогам поездки по городам Сибири. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бархе аз манобеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз якбора бад шудани вазъи саломатии ягона президенти Иттиҳоди Шӯравӣ ва охирин котиби ҳизбии он хабар доданд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бунёди Горбачёв хабарҳо дар бораи якбора бад шудани вазъи саломатии Михаил Горбачёвро рад кард, хабар дод РИА "Новости".
Ба навиштаи бархе аз саҳифаҳо дар шабакаи "Telegram", охирин президенти шӯравӣ дучори мушкили ҷиддӣ бо саломатӣ шуда, вазъаш рӯй ба бадшавист.
"Мо масоили сиҳатии Михаил Сергеевичро шарҳ намедиҳем, аммо дар ҳолати мазкур танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки хабари ин шабакаҳо бепоя аст", - изҳор доштаст намояндаи Бунёд, Владимир Поляков.
Собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ соли равон 91-солагияшро таҷлил намуд. Маълум аст, ки моҳи октябри соли гузашта, ба далели коронавирус дар карантин дар беморхона қарор дошт.
Охирин котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ва президенти ягонаи ИҶШС Михаил Горбачёв пурбаҳстарин шахси сиёсии асри ХХ аст
Дар корномаи сиёсии корманди ҳизби шӯравӣ ва "падари бозсозӣ" - хотимаи Ҷанги Сард, хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон, ошкорбаёнӣ ва барҳам додани низоми якҳизбӣ, ислоҳоти аввалини иқтисодӣ дар СССР ва ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 1990 мавҷуд аст.
Председатель ЦК КПРФ Геннадий Зюганов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Зюганов гунаҳкори асосӣ дар пош хӯрдани СССР - ро ном бурд ва ба Путин маслиҳат дод
Сиёсатмадоре, ки "тафаккури нав" -ро эълом мекард, ки равобити хориҷии Иттиҳодро бо Ғарб тағйир додааст, ба бузургтарин нокомии ҳамосавӣ - фурӯпошии кишвар айбдор мешавад.
Худи Горбачёв ҳамеша боварӣ дошт, ки "онҳое, ки табаддулотро дар моҳи августи соли 1991 ташкил карданд ва пас аз кудато аз мавқеи сусти президенти ИҶШС истифода карданд, масъули поёни бозсозӣ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд".
Лентаи хабарҳо
0