Баъди се ҷарроҳиву 5 моҳи табобати захми тир Шафеиён ба ҳукумати Исфара баргашт

© Sputnik Бинои мақомоти шаҳри Исфара
Бинои мақомоти шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дувумин корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар даргириҳои январӣ дар марз аз тири марзбонони қирғиз захмӣ шуда буд, шифо ёфтаву ба кор баргаштааст
ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Искандар Шафеиён, масъули ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар оғози соли ҷорӣ дар пайи муноқишаи марзӣ аз зарби тир захмӣ гардида буд, шифо ёфта ба кор баргаштааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъд аз панҷ моҳи табобат ҳеҷ осори захмҳои тир дар бадани Шафеъиён боқӣ намонда, пурра шифо ёфтааст.
Манбаъ зикр кард, ки шуруъ аз 1 июл мудири шуъбаи ташкилӣ дубора сари кори худ ба ҳукумати шаҳри Исфара баргаштааст.
“Имрӯз Шафеъиён ба кор дар ҳукумат баргашт. Аз омадани ӯ сари кору вазифааш ҳамкорон хеле изҳори хушнудӣ карданд. Ӯ мисли пештара кори худро дар ҳукумат пеш мебарад” – гуфт, Шомадов.
Искандар Шафеиён, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Исфара рӯзи 27 январи соли ҷорӣ дар пайи тирпарронии сарҳадбонони Қирғизистон ҳамроҳ бо Некзод Хоҷаев, корманди дигари ҳукумати шаҳр захмӣ гардида буданд.
Он замон ҳамроҳи онҳо Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Исфара ҳам буд, ки дар ҷойи ҳодиса ба шаҳодат расид.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Ёвари маҷруҳшудаи шаҳрдори Исфара дар бархӯрдҳои марзӣ аз бемористон мураххас шуд
Хоҷаев ва Шафеиён ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумати Исфара рӯзи 27 январ барои санҷиши вазъ ба ҷойи муноқиша, ба маҳаллаи Сомониён рафта буданд, вале дар он макон аз тири сарҳадбонони Қирғизистон захмӣ гардиданд.
Некзод Хоҷаев баъд аз даҳ рӯзи табобат, дар оғози моҳи феврал бинобар хуб шудани захмҳояш аз шифохона рухсат шуда буд.
Шафеиён бошад, то ин муддат дар шуъбаи эҳёи Шифохонаи марказии шаҳри Исфара се дафъа ҷарроҳиро аз сар гузаронида, ду моҳ ба ин тараф дар хона табобат мегирифт.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайян боқӣ мондани сарҳад то ин вақт, борҳо ба рухдоди муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар боис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0