Оби мусаффо, ҳавои тоза ва кӯҳҳои сарбафалак: истироҳат дар Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон бо обҳои мусаффо, ҳавои тозаи тароватбахш ва кӯҳҳои сарбафалаккашидаю меваҳои ширин дили ҳазорон сайёҳи хориҷиро тасхир кардааст
Дар доираи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ташрифи сайёҳони хориҷӣ то соли 2025 бояд ба 1 миллиону 600 ҳазор нафар ва то соли 2030 ба зиёда аз 2 миллиону 500 ҳазор нафар расад.
Ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳӣ тавассути қатора дар Тоҷикистон
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 188 меҳмонхона, 215 ҳостел ва мотел, 46 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва 10 хонаи истироҳатӣ, 2 пансионат, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, дар умум 289 иншооти сайёҳӣ кор мекунанд.
Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон теъдоди зиёди сайёҳони хориҷиро қабул кунад.
Лентаи хабарҳо
0