Оқибати заминларзаи мудҳиш дар Эрон - видео

Обуна шудан
Ба шабакаҳои иҷтимоӣ аксу видео аз оқибатҳои заминларзаи харобиовар дар Эрон роҳ ёфт. Ин офати табиӣ ҷони дастикам 5 нафарро рабуд
Шаби 1 ба 2 июл Эронро заминҷунбии шадид такон дод. Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин қувваи заминларзаро дар ҷануби Эрон 6 дараҷа арзёбӣ карданд.
Зирк гардид, ки маркази заминларза дар 61-километрии шимолу шарқи шаҳри Бендер-Ленгеи Ҳурмузгон воқеъ буд.
Шумори қурбониёни заминларзаи шадид дар Эрон афзуд
Манобеи "Форс" хабар дод, ки теъдоди қурбониёни заминларза афзуда ба панҷ нафар расид. Дар ҳоле, ки қаблан аз кушта шудани се нафар ва захм бардоштани 19 тани дигар гузориш шуд. Ҳоло теъдоди захмиён ба беш аз 40 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, 12 ҷароҳатбардошта дар ҳолати вазнин дар яке аз бемористонҳои Эрон бистарӣ ҳастанд.
Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Афғонистон аз 1000 нафар гузашт
Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта Афғонистонро низ заминларзаи мудҳиш такон дод, ки дар натиҷа беш аз ҳазор нафар қурбон шуду аз ин бештар сокинон ҷароҳат бардоштанд.
Лентаи хабарҳо
0