Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Қапқон баста шуд": Қодиров аз забти Лисичанск хабар дод

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон хабар дод, ки Лисичанск пурра аз ҷониби нерӯҳои муттаҳид - қувваҳои Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Луганск иҳота шудааст
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз муҳосираи Лисичанск аз ҷониби нерӯҳои муттаҳидони Русия ва ҶМЛ хабар дод.
"Дом баста шуд, Лисичанск пурра аз ҷониби нерӯҳои муттаҳидшуда иҳота шудааст", - навиштааст ӯ дар канали Telegram-и худ.
Ӯ қайд кард, ки тамоми даромадгоҳҳо ва баромадгоҳҳо аз шаҳр баста шудаанд.
Қодиров ҳамчунин изҳори эҳтимол кард, ки ҳамлаи ҳамаҷониба ба Лисичанск ба зудӣ оғоз шавад.
"Аз ҳалқаи муҳосира рахна шудан -айриимкон аст, ҳатто агар бисёр кӯшиш кунед. Калламушҳои миллатгароён ба танг омаданд. Вазифа ҳаст ва он бояд бо суръати барқь амаль шавад. Чунин аст тартибот дар сафҳои ҷанговарони мо", — гуфт дар хотима раҳбари Чеченистон.
Қаблан хабарнигори РИА "Новости" дар бораи раҳоии Золотаревка ҳарф зада буд.
Ҳамчунин, дар се рӯзи ахир корхонаҳои коркарди нафти Лисичанск, кони Матросская, корхонаи желатин ва шаҳракҳои Тополевка, Приволе ва Шипиловка таҳти назорат гирифта шудаанд.
Киев дар Одесса барои муттаҳам кардани Русия дар куштори мардум боз иғво омода мекунад
Русия аз 24 феврал инҷониб дар Украина амалиёти низомӣ мебарад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ҷумҳурии Донетск алакай Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳр дар соҳили баҳри Азов ва Святогорскро, назорат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0