Расонаҳо кишвареро ном бурданд, ки он ҷо эҳтимол миёни Русия ва Амрико низоъ бархезад

© Sputnik / Александр Имедашвили, STF / Гузаштан ба хазинаи аксСовместные военные учения вооруженных сил Грузии и США "Достойный партнёр"
Совместные военные учения вооруженных сил Грузии и США Достойный партнёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Расонаҳо менависад, ки артиши Амрико ва Русия дар Сурия ошкоро низоъ намекунанд, балки аксари вақт дар паҳлуи нерӯҳои мухолиф амал мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. ИМА ва Русия шояд дар Сурия ба далели иртиботи аз ҳад зич дар минтақаи ҷанг муноқиша дошта бошанд, менависад таҳлилгари рӯзномаи Newsweek Бонни Кристиан.
Ба қавли ӯ, бӯҳрон дар Аврупои Шарқӣ ва тезу тунд шудани тақобули ҳарбию сиёсӣ байни минтақаҳо хавфи ҷангро хеле зиёд мекунад.
"Қӯрхонаи ҳастаии Вашингтону Маскав, агар ба кор бурда шавад, дар як фурсати басо кӯтоҳ метавонад ҷаҳонро нест кунад", - менависад таҳлилгар.
Ҳарчанд ин ду артиш ошкоро душманӣ надошта бошанд ҳам, онҳо дар наздикии ҳамдигар ва аксар вақт дар тарафи нерӯҳои мухолиф амал мекунанд.
Ба гуфтаи Кристиан, дар ин вазъият, ҳама гуна назорат ё нофаҳмӣ метавонад низоъро барангезад.
Муаллифи мақола чунин мешуморад, ки хавфро дар сурате метавон аз байн бурд, агар Амрико нерӯҳои худро аз хоки кишвари Араб берун орад.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Антонов аз хатари ҷанг миёни Русия ва Амрико ҳушдор дод
Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 идома дорад. Аз соли 2015 Русия бо дархости мақомоти расмӣ ба Димишқ дар мубориза бо терроризм кумакҳои низомӣ мерасонад.
Аз соли 2014 инҷониб Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар Сурия ва Ироқ алайҳи "Давлати исломӣ"*бидуни иҷозати роҳбарияти ин кишвар амалиёт мегузаронанд
Собиқ кишвардори Амрико Доналд Трамп қабл аз интихоб шудан ба маснади раисҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки нерӯҳояшро аз ин ҷумҳурӣ хориҷ мекунад. Аммо баъдан ӯ тасмим гирифт, ки нерӯҳояшро барои ҳифзи конҳои нафтӣ дар Сурия мемонад, гарчанде Димишқ ин амали онҳоро ишғолгароёна мепиндорад.
* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе кишварҳои дигар мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0