Шумори қурбониёни заминларзаи шадид дар Эрон афзуд

© AFP 2022 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, теъдоди кушташудагон бар асари ин офати табиӣ дар музофоти Ҳурмузгон, дар ҷануби Эрон ба панҷ нафар расид
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Шумори қурбониёни заминларза дар устони Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон ба панҷ нафар расид. Дар ин бора хабаргузории "Форс" иттилоъ дод.
Қаблан дар бораи 3 кушта ва 19 захмӣ хабар дода шуд. Ба иттилои ин ниҳод, се мард ва ду зан кушта шудаанд. Илова бар ин, 12 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Видео заминҷунбии харибиовар ба шабакаҳои иҷтимоъ низ паҳн гардид.
Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин заминларзаи шаби 1 ба 2 июл дар ҷануби Эронро 6 дараҷа арзёбӣ карданд.
Маркази заминларза дар 61-километрии шимолу шарқи шаҳри Бендер-Ленгеи Ҳурмузгон воқеъ буда, марказаш дар умқи 10 километр будааст. Дар давоми ду соати баъд аз заминларзаи аввал дар ин минтақа чанд зилзила ба қайд гирифта шуд, ки шиддаташ аз 4,2 то 6,2 балл буд.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи гузашта Афғонистонро заминҷунбии шадид такон дод.
Бар асари офати табиӣ беш аз ҳазор нафар қурбон шуда, аз ин бештар сокинони вилоятҳои Пактико ва Хуст захмӣ шуданд.
 Поиск жертв наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Афғонистон аз 1000 нафар гузашт
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ларзиши замин ба ҳадде қавӣ буд, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломоблд пойтахти Покистон онро эҳсос карданд.
Соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0