Толибҳо ба Покистон даҳҳо ҳазор гӯсфанди қурбонӣ медиҳанд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар ивази гӯсфандҳои қурбонӣ намояндагони Покистон розӣ шудаанд, ки убури гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистонро бидуни талаби асноди лозимӣ иҷозат диҳанд
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Толибҳо розӣ шудаанд, ки барои таҷлили Иди Қурбон ба Покистон 40 ҳазор гӯсфанд фиристанд, хабар додааст Sputnik Афғонистон бо такя ба расонаҳои маҳаллӣ.
Ин хабар аз қавли волии Қандаҳор нашр гардида, таъкид шудааст, ки созишнома дар пайи гуфтушунид дар минтақаи Спин-Булдак имзо гардидааст.
Дар иваз намояндагони Исломобод розӣ шудаанд, ки барои 150 шаҳрванди Афғонистон квота ҷудо кунанд, то бидуни талаботи асноди зарурӣ вориди кишвар шаванд. Аз ин 50 нафар барои табобат ба Покистон мераванд.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Роҳбари толибҳо: Кумаки байналмилалӣ моро заифтар мекунад
Дар баробари ин бо дархости толибҳо, ҷониби Покистон гузаргоҳи алоҳидаро барои омадурафти занон бунёд мекунад.
Мавлавӣ Муҳаммадсодиқ Оқиф Муҳоҷир, сухангӯ ва раиси иттилооти Вазорати иршод, амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати толибҳо қаблан изҳор дошт, ки бархе аз ҷашнҳои мардумӣ ва бостонӣ, аз ҷумла Исломро эътироф намекунанд.
"Дар Ислом мо танҳо ду ид дорем: Иди Фитр ва Иди Қурбон. Дар Ислом иди дигаре вуҷуд надорад, ки Наврӯз ном дошта бошад", - афзуд ӯ.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон ва бисёри кишварҳои дигари ҷаҳон низ таҷлил мешавад, ки расман рӯзи истироҳат мебошад. Соли равон таҷлили иди Қурбон дар охири даҳрӯзаи аввали моҳи июл дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0