Бонувони футболбози кишварҳои Осиёи Миёна ба Душанбе меоянд: сабаб

© ФФТЖенская сборная Таджикистана обыграла Мальдивы в отборочном турнире кубка Азии-2022
Женская сборная Таджикистана обыграла Мальдивы в отборочном турнире кубка Азии-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқоти Қаҳрамонии футболи Осиёи Марказӣ миёни занон, ки ҳафтаи оянда оғоз мешавад, баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Душанбе мизбони Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба футбол байни занон мешавад, хабар медиҳад Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA.
Ба гуфтаи ин созмон, ин мусобиқа дар Тоҷикистон се ҳафта идома хоҳад кард. Бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби занона аз 6 то 21 июл ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мешаванд. Маълум аст, ки дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ дастаҳои панҷ кишвар – Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (FACA ё CAFA) як воҳид ва ассотсиатсия дар Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мебошад.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
Он соли 2014 таъсис ёфтааст. Ситодаш дар Душанбе воқеъ аст.
КФО рушди футболро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ назорат мекунад ва имрӯз федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро муттаҳид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тими миллии Тоҷикистон мавқеъашро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) беҳтар карда буд.
Дастаи миллӣ якбора 6 зина боло рафт - аз 114-ум ба 108-ум. Сегонаи беҳтарини рейтинг Бразилия, Белгия ва Аргентина буданд. Русия дар ҷои 35-ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0