Як духтарчаи тоҷик дар Санкт-Петербург ғарқ шуд: тафсилоти фоҷиа

© Sputnik / Улозявичюс АудрюсМаленькие девочки купаются на берегу
Маленькие девочки купаются на берегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Духтарчаи даҳсола бо модару бародараш дар назди ҳавз дар вилояти Ленинград барои истироҳат омада буд: фоҷиа чӣ гуна рух додааст, ҳоло мушаххас мешавад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар рустои Озеркии вилояти Ленинград як кӯдаки даҳсолаи тоҷик дар ҳавз ғарқ шуд, хабар медиҳад хабаргузории "Невские новости".
Фоҷиа замоне рух дод, ки духтар бо наздиконаш - модар ва бародараш дар соҳили "Кӯли Суздал" истироҳат мекард. Дар як лаҳза, вай аз назар нопадид шуда, маълум мегардад, ки ғарқ шудааст, зеро кӯдак шино карда наметавонист.
Наҷотдиҳандагон ӯро ҳамагӣ 15-20 дақиқа пас аз об баровардаанд.
Дар роҳ ба беморхона табибон кӯшиш карданд, ки духтарро ба ҳуш оранд, аммо нашуд. Кӯшишҳо барои наҷоти духтар дар беморхона низ идома ёф, вале бенатиҷа буд.
Худсол дар ҳоли вахим ба шуъбаи эҳё бурда шуд, аммо ӯро наҷот додан дигар имкон надошт.
Река Вахш. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Фоҷиа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: бибӣ бо се наберааш зимни ҳезумчинӣ дар об ғарқ шуд
"Ҷисми кӯдак ба талошҳои пай дар пай вокуниш нишон надод, зеро ӯ муддати хеле тӯлонӣ дар об буд. Вақти зиёде аз даст рафт", - шарҳ доданд дар бемористон.
Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти интизомӣ, духтар бо волидонаш, зодагони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург омадааст.
Хонаводаи муҳоҷир танҳо барои ба яке аз мактабҳои Санкт-Петербург фиристодани духтарашон ҳуҷҷат ҷамъоварӣ мекарданд.
Ҳолати марг аз ғарқшавӣ соли ҷорӣ бинобар гармиҳои зиёд рӯ ба афзоиш аст.
Қаблан наҷотдиҳандагон аз як обанбори Душанбе 4 ҷасадро берун оварда буданд. КҲФ Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунад, ки ҳангоми оббозӣ эҳтиёткор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0