Кушта шудани сокинони осоишта, аз ҷумла кӯдакон дар Донетск

© Sputnik / Maksim Blinov / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники пожарной охраны на месте взрыва в центре Донецка
Сотрудники пожарной охраны на месте взрыва в центре Донецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тайи тақрибан 3,5 моҳи шиддати даргирӣ дар ҷумҳурии Донетск зиёда аз 200 нафар сокини осоишта ба ҳалокат расида, ҳазорҳо нафар маҷруҳ гардидааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тайи 137 рӯзи шиддати даргирӣ дар ҷумҳурии халқии Донетск 210 сокини осишта ба ҳалокат расидаанд, ки 12 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба мақомоти Донетск хабар дода, афзуд, ки инчунин қариб 2,5 ҳазор сокини мулкӣ маҷруҳ шудаанд.
"Аз ҷумла дар қаламраве, ки то амалиёти вижа таҳти назорати нерӯҳои Донетск буд, 977 шаҳрванди осоишта, аз ҷумла 73 кӯдак ҷароҳати гуногун бардоштанд. Дар минтақаҳои озодшуда дар пайи амалиёт 1466 мулкӣ, аз ҷумла 79 кӯдак маҷруҳ гардиданд", - омадааст дар матлаб.
Таъкид шудааст, ки дар миёни ҳазорҳо маҷруҳшудагон аз ҷумла зиёда аз 150 нафарашон кӯдакон мебошанд.
Умуман ҳудуди 5 ҳазор бор аз аслиҳаҳои вазнин сӯи Донетск оташ кушода шудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 5 ҳазор хонаи истиқоматӣ ва беш аз як ҳазор иншооти инфрасохтори мулкӣ тахриб шудаанд, афзуданд мақомоти Донетск.
Натиҷаи таркиш дар вилояти Белгород - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Бар асари таркишҳои пай дар пай дар Белгород се нафар ба ҳалокат расиданд
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0