Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Луганск пурра озод шуд. Гузориши Шойгу ба Путин

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири мудофиаи Русия ба президент аз озодсозии пурраи Ҷумҳурии Халқии Луганск гузориш дод. Маскав мустақилияти ҶХЛ-ро моҳи феврали соли равон эътироф кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қаламравии Ҷумҳурии халқии Луганск пурра озод карда шуд, гузориш дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ба президенти кишвар, Владимир Путин.
Дар ин бора Кремл бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки Шойгу 3 июл ба раисҷумҳури Русия, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ҳисобот дод, ки Луганск пурра озод шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран нерӯҳои муштараки низомиёни Русия ва милисаи мардумии Луганск шаҳри Лисичанск - охирин шаҳри собиқ вилояти Луганскро, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ буд, муҳосира намуданд. Майдони озодшуда тайи шабонарӯзи охир 182 километри мураббаъ арзёбӣ мешаавад.
Работа зенитно-ракетной системы ПВО С-300В4 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Нерӯҳои Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Курск нобуд кардаанд
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0