Лукашенко: Минск ҳамеша аз Маскав ҳимоят мекунад

© Sputnik / Mikhail Voskresenskiy / Гузаштан ба хазинаи аксУчастники акции в поддержку действующей власти в Минске
Участники акции в поддержку действующей власти в Минске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Беларус ба онҳое дар ҷаҳон, ки Минскро барои ҷонибдорияш аз мавқеи Маскав интиқод мекунанд, посухи қатъӣ дод
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус эълом дошт, ки Минск ҷонибдорияшро аз Русия идома хоҳад дод.
"Моро интиқод мекунанд, ки Русияро дар муборизааш бо нозигароӣ ҷонибдорӣ мекунем. Мо дастгирӣ кардему ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард", - таъкид кард ӯ.
Лукашенко, ки зимни гулчанбаргузорӣ назди маҷмааи ёдгорӣ дар Минск бахшида ба Рӯзи истиқлоли Беларус суҳбат мекард, таъкид намуд, ки тамоми эродҳо алайҳаш дар мавриди ҳимоя аз Маскав хандаовар ва ҳамзамон ғамангезанд.
Дар зимн раисҷумҳури Беларус таъкид намуд, ки кишвараш бо тамоми фишорҳои берунӣ истодагарӣ хоҳад кард.
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
ВАО: Вазъ дар Украина НАТО-ро ба се лагер тақсим кард
Президенти Беларус бар ин назар аст, ки набарди навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон на танҳо дар қисмати аврупоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифта истодааст, балки дар Осиёи Марказӣ низ роҳандозӣ шудааст.
Ӯ гуфт, амрикоиҳо ҳукмронӣ кардан мехоҳанд, хостори боқӣ мондани ҷаҳони якқутбиянд ва онҳое, ки сар боло мекунанд, бомбаборон мешаванд.
Сабаб дар ҷаҳон пайдо шудани муносибатҳои нав, бисёрқутбӣ мебошад, таъкид намуд раисҷумҳури Белорус.
Лентаи хабарҳо
0