Нерӯҳои Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар Курск нобуд кардаанд

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксРабота зенитно-ракетной системы ПВО С-300В4
Работа зенитно-ракетной системы ПВО С-300В4 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар вилояти Курск шаби гузашта ду ҳавопаймои бесаршиниши украинӣ нобуд карда шуданд. Волӣ мегӯяд, бар асари ин ҳодиса талафоте ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ду ҳавопаймои бесарнишини украинаии "Стриж" зимни парвоз ба қаламрави вилояти Курск аз сӯи нерӯҳои ҳавоии Русия нобуд карда шуданд.
Дар ин бора волии Курск, Роман Старовойт, дар саҳифааш дар "Telegram" хабар додаст.
"Шаби гузашта дар ҳоли парвоз ба сӯи Курск нерӯҳои ҳавоии мо ду "Стриж"-и украиниро суқут доданд. Ба шарофати иқдоми касбии низомиён ҷабрдидаҳо дар ин ҳодиса ба қайд гирифта нашуд", - навишт ӯ.
Вай ҳамчунин ба наздикони ҳалокшудагон бар асари "ҳамлаи ҳариф" дар вилояти Белгород изҳори ҳамдардӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки бомдоди 3 июл дар вилояти Белгород таркишҳои пай дар пай рух доданд.
Вячеслав Гладков, раиси ин вилоят гуфт, бар асари таркишҳо як бинои истиқоматии хусусӣ дар Белгород оташ гирифт, се нафар қурбони ин ҳодиса шуда, чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Украина дар минтақаи Лисичанск талафоти зиёд доранд
Ӯ гуфт, миёни захмиён як кӯдаки даҳсола низ ҳаст ва ҳолати як ҷароҳатбардошта вахим арзёбӣ мешавад.
Номбурда гуфт, бо сар задани ҳодиса Хадамоти фаврӣ ва намояндагони мақомот ба ҷои ҳодиса рафтанд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар 11 бинои истиқоматӣ ва дастикам 39 хонаи шахсӣ қисман хароб шудааст. Панҷ хонаи шахсӣ комилан хароб шудааст.
Волӣ ба сокинон итминон додааст, ки корҳои барқарорсозӣ аз 3 июл оғоз мешаванд ва тамоми хонаҳо барқарор карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0