Олими маъруф гуфт, коронавирусро кӣ сохт

© Pexels/CDCКоронавирус
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Комиссияи ковидии маҷаллаи маъруфи тиббӣ, профессори Донишгоҳи Колумбияи ИМА COVID-19-ро сунъӣ хонда, созандаҳои онро эълом кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Коронавирусро вирусологҳои амрикоӣ сохтанд, изҳор дошт профессори донишгоҳи Колумбия, раиси Комиссияи ковидии маҷаллаи маъруфи тиббии "Lancet" Ҷефри Сакс.
Ӯ зимни конфронси илмӣ дар Испания таъкид намуд, ки вируси сироятии мазкур ба таври сунъӣ сохта шудааст, аммо на дар Чин онро асос гузоштаанд.
"Бовар дорам, ки COVID-19 аз сӯи яке аз озмоишгоҳҳои биологии ИМА сохта шудаст. Ин масъаларо ду сол омӯхтам ва метавонам, бигӯям, ки вирус наметавонист, мустақилона дар табиат пайдо шавад", - изҳор дошт олим.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст бурузи ин вирус дар Чин охирҳои моҳи декабри соли 2019 ба қайд гирифта шуд. Манбаи паҳншавии он шаҳри Вуҳани Чин гашт.
Сотрудники медицинского стационара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Мақомоти Эрон: Пас аз ду соли мубориза омори фавтидаҳо аз коронавирус ба сифр расид
Пас аз тадқиқотҳо олимон муайян карданд, ки барангезандаи беморӣ намуди нави 2019-nCoV. будааст. Гуфта мешуд, ки эҳтимол он ба бадани одамон аз панголин ба воситаи кӯршапарак гузаштааст.
Вирус ба нуқоти гуногуни ҷаҳон паҳн гардид ва дар натиҷа, 11 марти соли 2020 СҶБ коронавирусро пандемия эълон кард.
Шумораи умумии қурбониёни бемории коронавирус дар ду соли охир ба 14,9 миллион нафар расидааст, хабар дод Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бештари беморон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои осиёи Ҷанубу Шарқӣ фавтидаанд. Ҳудуди 84 % фавт аз вируси COVID-19 маҳв ба ҳамин кишварҳо рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0