Санҷиши қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон дар Русия

© Unsplash / Guilherme Cunha Рабочие на строящемся объекте
Рабочие на строящемся объекте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони пулис қонунӣ будани будубош ва шуғли хориҷиёнро дар қаламрави Русия тафтиш карда, алайҳи қонуншиканҳо чораандешӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дар минтақаҳои Русия рейдҳо дар ҷойҳои кор ва иқомати шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ омадаанд, идома доранд. Аз ҷумла дар вилояти Кострома назорат пурзур карда шудаст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилоят, онҳо ҳоло дар доираи амалиёти пешгирикунандаи "Нелегал 2022" вайронкоронро ҷустуҷӯ доранд. Пулис қонунӣ будани вуруди муҳоҷирон ба кишвар, ҷалби онҳо ба кор ва ҳамчунин иҷозатномаҳоро тафтиш мекунад.
Таъкид шудааст, ки аллакай дар маркази вилоят ва берун аз он аллакай зиёда аз 50 иншоот аз назар гузаронда шуд.
"Дар натиҷа беш аз 140 қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки 58-тои онҳо мустақиман аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё корфармоёни онҳо содир шудааст", - иттилоъ дод дафтари матбуоти мақомоти дохилӣ.
Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои ошкоршуда гунаҳкорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз рӯи далели қайди сохтакоронаи муҳоҷир парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Таъкид гардидааст, ки тадбирҳо ҷиҳати санҷиши риояи қонун аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ идома доранд.
Трудовой мигрант в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Чаро узвияти Тоҷикистон дар ИИАО барои муҳоҷирон ҷашни бузург аст?
Қаблан коршиносони Пажӯҳишгоҳи Гайдар пас аз таҳлили маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба хулосае омада буданд, ки сарфи назар аз паёмади таҳримҳо, ки шаҳрвандони хориҷӣ дучор мешаванд, тарки оммавии муҳоҷирон аз Русия ҷой надорад.
Агар дар моҳи апрели соли 2022 каме хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шуда бошад, пас дар охири моҳи июн вазъ қариб ба ҳолати пешинааш баргашт.
Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандие , ки дар қайди муҳоҷиратӣ сабт шудаанд, аз январ то майи соли ҷорӣ 6,6 млн нафарро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0